FB2 Режим чтения

Чавоб ба мухтарам Вафо Элбоев

Другое / Другое
Вафо Элбоев сухан дониста гу..
Объем: 0.294 а.л.

Оглавление

Вафо Элбоев...

Сухан дониста гӯ…  

Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони азиз аз ҷониби муҳаққиқон, олимон ва донишмандони тоҷик як силсила осори гузаштагонамон, ки мисли ганҷи сарпушпинҳон буд рӯи чопро дида, дастраси хонандаи бомаърифат гардид. Хусусан асарҳоидинӣ, ки дар гузаштаи начандон дурр бо сабабҳои баҳама маълум чопи онҳо ва мутолиъаи онҳо ғайри имкон ва мамнӯъбуд аз чоп баромада, дар Худошиносӣ ва худогоҳи миллӣ нақши муҳиме гузоштанд. Аз он ҷумла дарсолҳои истиқлолият аз ҷониби муҳаққиқон ва олимон дар бораи Ислом ва асосгузори он ҳазрати Муҳаммад (с) мақолаҳои ахлоқӣ ва илмӣ дар рӯзномаҳо, маҷаллаҳо ва ҳафтаномаҳои даврӣ аз чоп баромада, манзури хонандагон гардида истодааст. Дар баробари мувафақиятҳо камбудиҳо низ дар навиштаҳои баъзе нафарон гоҳ-гоҳе ба чашм мерасад. Масалан дар шумораи №5-и маҷаашрӣ илмӣ, динӣ ва иҷтимоию фарҳангии «Динваҷомеа», ки аз ҷониби кумитаи оид ба корҳоидин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати ҶТ аз чоп мебарояд, мақолаи қиссаи «Юсуф ваЗулайхо. Дар фарҳанги Исломӣ» ки, ба қалами мӯҳтарам Вафо Элбоев (докторанти ДДО Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ. Аз саҳифаи 39 то 42) тааллуқ дорад аз чопбаромад.  

Банда вақте, ки мақолаи мазкурро хонда баромадам, ба як чанд хатоҳои ҷиддии соҳиби мақола вохурдам. Ва ба худ лозим донистам, ки ба мақолаи мӯҳтарам Вафо Элбоев ҷавоб нависам, то шояд он касс баъди хондани ҷавоби банда ба хатои хеш огоҳ шуда, агар минбаъд мақолае дар бораи Қуръон ва асосгузори дини Ислом ҳазрати Муҳаммад (с) навиштанӣ шаванд ба хатоҳо роҳнадиҳанд. Дар мақолаи мазкур (саҳ. 39) чунин омадааст:  

«Пайғамбари Ислом Муҳаммад аз ҳарду китоби қисматҳои Библия, албатта, воқиф буд, ки иқтибоси зиёд бештар дар Қуръон аз қисмати Аҳди қадим ба назар мерасад…»  

Ба маълумоти соҳиби мақолаи мазкур расониданӣ ҳастам, ки дар Қуръони Карим ягон сура ва оят азкитоби Инҷил (ё ба қавли мӯҳтарам В. Элбоев Библия) иқтибос нашудааст. Зеро ҳарончи ҳазрати Муҳаммад (с) дар замони пайғамбарии худ мегӯфтанд ҳама ваҳй Илоҳӣ буд, ки дар ин бора оёти фаровоне дар Қуръони Карим мавҷудаст. Чуноне, ки Худованд мефармояд:  

«Он чиро, ки (Муҳаммад (с)) мегӯяд ҳаргиз аз рӯи ҳавои нафснест, ҳамаи инҳо ваҳй Худованд аст, ки ба ӯ мерасад». (сураи «Ан-Наҷм», оятҳои 3-4).  

Ё ин ки дар сураи «Каҳф», ояти 110 омадааст:  

«Бигӯ манн башаре ҳастам монанди шумо ва ба манн ваҳй мешавад, ки маъбуди шумоХудои яктоаст»  

Агар мо сураи«Юсуф»-ро бо диққат хонем дар ояти 102-и он Худованд ба шахсоне, ки мегуянд Қуръони Карим иқтибос аз Инҷил аст, ҷавоби рад нашаванда додааст. Чуноне, ки Худованд мефармояд:  

«Ин қисса (қиссаиЮсуф (а)) аз ахбори ғайбаст, ки онро ба сӯи ту ваҳй мекунем. Ва чун бадсиголикунон (бародарони Юсуф (с)) бар машварати худ азм карданд, ту назди онҳо набудӣ». (Сураи«Юсуф», ояти 102).  

Яъне, ин гуфтори Худованд дар ради сухани аҳли Макка ва ҳамаи он нафароне, ки то имрӯз пофишорӣ карда мегуянд, ки Қуръони Карим аз Инҷил, Таврот ва дигар китобҳои осмонӣ нусхабардорӣ карда шудааст ҷавоби қатъӣ аст. Ҳатто як гурӯҳ аз ховаршиносони боинсоф имрӯз дар навиштаҳои худ исбот кардаанд, ки ҳеҷ имкон надорад ин ки Муҳаммад (с) Қуръонро аз уламои аҳли китоби замони худ гирифта бошад. Эшон эътироф доранд, ки улуми табии, фалсафӣ ва ҳикмат аз Қуръон итибос шуда ва уламо мадюни Қуръон ҳастанд.  

Муҳаммад Тақии Усмонӣ дар бораи он ки ҳазрати Муҳаммад (с) як нафар уммӣ буданд дар назди шахсе таълим нагирифта буданд, навишта ва хонда наметавонистанд, аммо китобе аз ҷониби Худованд оварданд, ки тамоми донишмандони дунё ба эъҷози ин китоб эътироф доранд, дар китоби«Улум-ул-Қуръон» чунин гуфтааст:  

«Шахси Пайғамбар (с) дар муддати чиҳилсол ба мактаб ва мадрасае нарафта аст, хондан ва навиштанро аз кассе таълим нагирифтааст. Рафту омад ва робитае бо уламои аҳли китоб надошт. Бар хилофи одати араб ҳеҷгоҳ шеъре нагуфтааст. Ҳатто алоқае ба шеъру шоъирӣ надоштааст. Ҳеҷ гоҳ бо коҳинон, ҷодугарон ва ситорашиносон ҳамнишинӣ накардааст. Ногаҳон каломе ба забонаш ҷорӣ мешавад, ки шоъирону, адибони бузурги араб дар баробари он базону меафтанд. Ончунон улум ва маориферо баён мефармояд, ки донишмандони дунё дар баробарашон сари таслим фуруд меоранд. Пешгӯиҳое мекунанд, ки ҳеҷ гоҳ дар фикри коҳин ё ситорашиносе намегузарад ва ин ахбор сад дар сад дуруст воқеъ мешавад».  

Вақто, ки Қуръони Карим дар замони Пайғамбар (с) аҳли Маккаро, ки даъво доштанд, ки гуё ҳазрати Муҳаммад (с) Қуръонро аз пеши худ бофтааст ё аз ягон инсоне омӯхтааст, ба мубориза даъват намуд ва аз эшон хост то мисли Қуръони Карим як сура ё як оят оранд, онҳо оҷиз омаданд ва сокит шуданд. Балки бисёре аз суханварон ва шоирони он даврон ба таъсири ҳайратангези ин Калом эътироф мекарданд. Дар китобҳои сирати Пайғамбар (с) омадааст, ки:  

«Валид ибни Муғира бародарзодаи Абӯҷаҳл буд. Вақто, ки Абӯҷаҳл ҳис намуд, ки бародарзодааш ба дини Ислом майл дорад ва барои манъ намуданаш аздин баназди ӯ омад. Валид дар ҷавоб гуфт:  

Қасам баХудо! Ҳеҷ якеаз шумо донотар аз манба ҳусну қубҳи шеър нест. Ба Худо қасам! Он чи Муҳаммад (с) мегӯяд ягон муносибат ва монандие бо шеър надорад».  

Чуноне, ки Имом Ҳоким ва Имом Байҳақӣ аз Ибни Аббос (р) сухани Валид бини Муғира (яке аз душманони Пайғамбар (с)буд)дар бораи Қуръони Каримро чунин нақл кардааст:  

« Ба Худо қасам! Каломе, ки ӯ (Муҳаммад (с)) мегӯяд бисёр ширин ва пурравнақ аст. Ин Калом ғалаба хоҳад кард ва мағлуб нахоҳад шуд».  

Ҳамчунин Мавлоно Муҳаммад Тақии Усмонӣ дар китоби«Улум-ул-Қуръон» фарзияи касонеро, ки мегӯянд, ки ҳазрати Муҳаммад (с) маълумотро аз аҳли китоб ҳосил кардааст, хусусан аз роҳи бо номҳои Настуро ва Буҳайро рад карда, чунин мегӯяд:  

«Ин мулоқот бисёр кутоҳ буд. А зчанд соат зиёд набуд. Синни эшон дар он мулоқот 12-13 сола буд. Оё инсони саҳеҳ-ул-ақле бовар хоҳад кард, ки мулоқоти кӯтоҳи чанд соат дар хурдсолӣ, илми амиқи умматҳои гузаштаро ончунон ба эшон ато кунад, ки аҳли китобро бо даъват ба мубориза, таҳрифотро дар китобҳои онҳо ва иштибоҳоташонро равшану ошкор намояд». Агар ҳазрати Муҳаммад (с) достонҳо ва воқеаҳоро аз аҳли китоб шунида бошанд, чаро куффори Макка даъво накарданд, ки уламои аҳли китоб ин матолибро ба шумо ёд додаанд? Чуноне, ки дар ривояте омадааст, ки ҳазрати Муҳаммад (с) гоҳ-гоҳе дар Маккаи Мукаррама назди оҳангаре мерафтанд ва онҷо меистоданд. Мушрикини Макка ҳаминро овоза карданд, ки оҳангар муаллими Муҳаммад (с) аст. Забони ин марди оҳангар аҷамӣ (Румӣ) буд. Қуръони Карим ин овозаи онҳоро ингуна рад кардааст:  

«Ва нек медонем, ки кофирон мегӯянд: ҷуз ин нест ки башаре ба ӯ (Муҳаммад (с)) омӯзишме диҳад. Забони касе, ки ин нисбатро ба ӯ медиҳанд аҷамӣ аст. Дар ҳоле ки ин (Қуръон) ба забони арабии шево ва равшан аст». (сураи«Наҳл», ояти 103).  

Агар мӯҳтарам В. Элбоев як бор бо диққат ба таърихи зиндагии ҳазрати Муҳаммад (с) назар мекарданд ва Қуръони Каримро хубтар мутолиа мекарданд эшон дарк мекарданд, ки Пайғамбари Ислом (с) шахси уммӣ, яъне аз хату савод бе баҳра буданд. Дар Қуръони Карим Худованд бо сароҳат хабар додааст, ки Муҳаммад (с) бе баҳра аз хату савод буд. Масалан дар сураи «Анкабут», ояти 48 чунин мефармояд:  

«Ва ту пеш аз нузули Қуръон ҳеҷ китоберо намехондӣ ва ба дасти рости худ ҳеҷ китоберо наменавиштӣ; онгоҳ бадкешон дар шак меафтоданд».  

Ибни Касир дар тафсири ояти зикршуда чунин гуфтааст:  

«Расули Худо (с) то охири ҳаёташон наметавонистанд бихонанд ва наметавонистанд бинависанд ва на ҳато як ҳарф ё як сатрро бадасти худ навиштанд. Балки нависандагоне доштанд, ки ҷилави рӯяшон ваҳй ва номаҳояшонро ки ба сӯи сарзаминҳои мухталиф мефиристоданд, менавиштанд». («Анвор-ул-Қуръон», ҷ. 4, саҳ. 518).  

Беҳуда нест, ки Хоҷа Муҳаммад Шамсиддини Ҳофизи Шерозӣ баҳамин ояти зикр шуда ишора карда, дар васф вабузургии ҳазратиМуҳаммад (с) фармудааст:  

Ситорае бидурахшиду моҳи маҷлис шуд,  

Дили рамидаи моро рафиқӯ мӯнис шуд.  

Нигориман, ки ба мактаб нарафту хат нанавишт,  

Бағамза масъалаомӯзи сад мударрис шуд.  

Ёин, ки шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ дар хутбаи китоби машҳури худ «Бустон» ё «Саъдинома» дар ситоиши ҳазрати Муҳаммад (с) фармудааст:  

Ятиме, ки нокарда Қуръон дуруст,  

Кутубхонаи ҳафт миллат бишуст.  

Худованд Муҳаммадро (с) бовожаи Набииуммӣ дар сураи «Аъроф» номбурдааст. Чуноне, ки мефармояд:  

«Барои касоне, ки он Пайғамбарро пайравӣ мекунанд, ки Набииуммӣ аст-он ки наъташро назди хеш дарТаврот ва Инҷил навишта меёбанд…»(сураи«Аъроф», ояти 157)  

«…Пас, баХудо ва ба он пайғамбариӮ имоноред, ки Набииуммӣ аст…» (сураи «Аъроф», ояти 158)  

Агар мо маънои вожаи уммиро аз луғатҳо ҷустуҷу намоем маънояш шахсе аст, ки навиштан ва хонданро намедонад. Масалан, Муҳаммад Ғиёсуддин дар китоби «Ғиёс-ул-луғот»-и худ вожаи уммиро чунин шарҳ додааст:  

«…Ва маҷозан ба маънии ҳарон касе, ки навиштан ва хондан надонад, агарчи пеши падар ҷавон шуда бошад. Ва лафзи уммӣ лақабӣПайғамбар (с) аз он аст, ки он ҳазрат аз кассе таълим нагирифта буданд, то фазилати устод бар он ҳазрат собит нашавад»  

Китоби Қуръони Карим бешубҳа Каломи Худованди якто аст ва ҳазрати Муҳаммад (с) онро ҷуз аз Худо аз каси дигар дарёфт накардааст. Агар мо Қуръони Каримро бо Инҷили таҳрифшуда қиёс намоем ягон мувофиқат ва монандӣ дар байнашон дида намешавад. Баръакс Қуръон ин ду Китоби осмониро, ки ба таҳрифу тағйир дучор омадаанд ислоҳ менамояд.  

Дар Қуръон Пайғамбарони Худо бандагони фармон бардор, худотарс, дурр аз фаҳшу фасод муаррифӣ шудаанд. Масалан: Ҳазрати Яъқуб (а) дар Қуръон чунин муаррифӣ шудааст:  

«Иброҳим писаронашро ва Яъқуб (низфарзандонашро) ба ин калима васият карданд: «Эй фарзандони ман, ҳамоно Худо барои шумо ин динро баргузидааст, пас аз ин ҷаҳон намеравед, магар (ин ки шумо) фармон бардор (бошед)! Оё он ҳангом ҳозир будед, ки Яъқубро марг пешомад, онгоҳ ба фарзандонаш гуфт: «Баъд аз манн чӣ чизро ибодат хоҳед кард? » Гуфтанд: «Худои туро ва Худои падарони ту–Иброҳим ва Исмоил ва Исҳоқро, (ки) Он Худои Ягона аст, ибодат мекунем ва мо Ӯро фармон бардорем» (сураи «Бақара», оятҳои 132-133).  

Дар ҳоле, ки дар Инҷил ҳазрати Яъқуб (а) ҳамчун як пайғамбаре муаррифӣ мешавад, ки Худоро саркашӣ намуда, бо Ӯ гуштин мегирад ва Парвардигорро мағлуб менамояд. Чуноне, ки дар Инҷил омадааст:  

«Ва гуфт; «Минбаъд номи ту Яъқуб хонда намешавад балки Исроил; Зеро, ки бо Худо ва одамон гуштин гирифтӣ ва ғолибшудӣ». («Китоби Муқаддас» (аҳди қадим ва аҳди ҷадид), Институти тарҷумаи КитобиМуқаддас. Стокгольм-1999, саҳ. 63)  

Чунин мисолҳоро аз Инҷил ва Таврот бисёр овардан мункин аст зеро ин ду китоб дар тули таърих ба тағйиру таҳриф ва иловаҳо дучор шудаанд.  

Аммо ягон сура, оят ва ҳарфи Қуръони Карим аз замоне, ки ба ҳазрати Муҳаммад (с) нозил шуд ва то рӯзе, ки як инсон дар рӯи кураи замин ҳаст пойдор хоҳад монд. Чунки муҳофизатгари он аз тағйиру табдил ва таҳриф худи Худованд мебошад. Чуноне, ки Худованд ваъда намудааст:  

«Ба дурустӣ ки мо Қуръонро фурӯ фиристодаем ва ҳамоно мо онро нигаҳбон ҳастем» (сураи«Ҳиҷр», ояти 9).  

Хатои дигаре, ки мӯҳтарам В. Элбоев дар мақолаи худ роҳ додааст (ҳар чандин хато мумкин бо сабабҳои техникӣ рӯх дода бошад) ин ғалат овардани сураи«Юсуф»ояти 111 мебошад. Чуноне, ки дар саҳифаи 42 омадааст:  

Қиссаи «Юсуф» дар Қуръон чунин ба охир мерасад: «Лақад кона фи қасасиҳум ибратиҳи ловало албоби мо кона ҳадисан юфтара валакинт асдиқаллази байна ядаяҳа ватафсила кули шайъин ваҳуд авараҳматан лиқавмин юъминуна».  

Тарзидурустиоятимазкурчунинаст:  

«Лақад кона фи қасасиҳим ибратун лиувли-л-албоби мо кона ҳадисан юфтаро ва лакин тасдиқа-л-лазӣ байна ядайҳи ва тафсила кули шайъин ва ҳудан ва раҳмата-л- лиқавми юъминуна».  

Дар охир бори дигар аз ҳамаи он нафароне, ки маълумотеро дар бораи Қуръони Карим, дини Ислом ва асосгузори он ҳазрати Муҳаммад (с) ба дасти чоп медиҳанд, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки пеш аз нашри он маводонро аз зери назари олими соҳа гузаронанд, тоин ки корашон натиҷаи хуб диҳад.  

Боқӣ дуруду салом ба он нафароне, ки роҳи инсофро пайравӣ менамоянд.  

Бо камоли эҳтиром дуогӯи шумо: Комилҷон Қодиров  

03. 11. 2014

| 1218 | оценок нет 08:06 30.12.2016

Комментарии

Гость00:13 14.05.2018
Ля иллах илла Аллах, Муххамед рассул Аллах !

Книги автора

Танбехул мунофикин
Автор: Shuhrat96
Другое / Другое
Китоби танбеҳул мунофиқин дар ҳамин ссылка ҳаст даромада гиред!
Объем: 0.002 а.л.
12:11 07.06.2021 | оценок нет

Мавлоно Яъқуби Чархӣ (р) ва «Тафсир» – и ӯ.
Автор: Shuhrat96
Другое / Другое
Мавлоно Яъқуби Чархӣ (р) ва «Тафсир» – и ӯ.
Объем: 0.42 а.л.
10:07 24.11.2019 | оценок нет

تفسیر مولانا یعقوب چرخی
Автор: Shuhrat96
Другое / Другое
برای چاپ
Объем: 0.019 а.л.
07:44 02.11.2018 | оценок нет

Тафсири Мавлоно Яъқуби Чархӣ
Автор: Shuhrat96
Другое / Другое
Барои чопи китоб
Объем: 0.028 а.л.
15:35 01.11.2018 | 5 / 5 (голосов: 1)

Ба хатиби масчиди Сари Осие Умаров Искандаршох.... 18+
Автор: Shuhrat96
Другое / Другое
Умаров Искандаршох
Объем: 0.047 а.л.
06:19 12.05.2018 | оценок нет

Ба хатиби масчиди Сари Осие, Умаров Искандаршох 18+
Автор: Shuhrat96
Другое / Другое
Аннотация отсутствует
Объем: 0.047 а.л.
12:36 11.05.2018 | оценок нет

Ба хатиби масчиди Сари Осие Умаров Искандаршох 18+
Автор: Shuhrat96
Другое / Другое
Аннотация отсутствует
Объем: 0.054 а.л.
15:03 10.05.2018 | оценок нет

Авторские права на произведения принадлежат авторам и охраняются законом. Перепечатка произведений возможна только с согласия его автора, к которому вы можете обратиться на его авторской странице.